Хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку дубора фаъол мешавад

Сентябрь 29, 2016 17:21

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку мулоқоти роҳбари ҳайат бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев доир гардид.
Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо раванди мавриди иҷро қарор гирифтани қарордодҳои дуҷонибаеро, ки қаблан дар самти равобити сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дар сатҳи олӣ ба имзо расида буданд, баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки дар шароити имрӯза маҷмӯи равобити қарордодиву ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 созишнома ва қарордодро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар баррасии ҷонибҳо лоиҳаи 15 созишнома ва қарордод дар заминаи танзими ҳамкории муштарак дар соҳаҳои металлургияи ранга, маҷмӯи саноати кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук ва нақлиёт қарор доранд.
Ба мавҷуд будани асоси хуби қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи паст қарор дорад. Ба ин мавҷуд набудани ҳамкорӣ дар бахши алоқаи ҳавоӣ монеа эҷод менамояд. Мавҷуд будани хатсайрҳои ҳавоӣ, бешубҳа, ба бартараф кардани масъалаҳои баҳсталаб, афзоиши мубодилаи тиҷоративу иқтисодӣ, беҳтар гардидани алоқаҳои расмӣ ва ҷиҳати пурра ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки бар асоси мавҷуд будани созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба буҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр боздошта шуданд.
Бо назардошти мавҷуд будани имконоти васеи ҳамлу нақли ҳавоии Озарбойҷон ва паркҳои зиёди ҳавопаймоҳо, ҷониби мо ба тарафи Озарбойҷон пешниҳод менамояд, ки масъалаи дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе-Бокуро аз ҳисоби ширкатҳои ҳавоии озарбойҷонӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ифтитоҳи хатсайри ҳавоиро барои боз ҳам наздикшавии миллати тоҷику озарӣ муҳим арзёбӣ карда, иброз дошт, ки миллатҳои мо аз умқи таърих бо якдигар дар ҳамаи арсаҳо равобити неку ҳасана доштанд.

Сентябрь 29, 2016 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад