«Хуҷанд» бар дастаи «Регар-ТадАЗ» ғолиб омад
Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозӣ шоми дирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Голҳоро Дилшод Бозоров ва Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали чорякниҳоӣ дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. Вале аз ҳисоби голи дар меҳмонӣ задааш дастаи «Хуҷанд» ғолиби ин ҷуфт дониста шуд ва муборизаро барои Ҷоми Тоҷикистон идома медиҳад. Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 чаҳор дастаи лигаи олӣ ширкат меварзанд. Бозиҳои аввали нимниҳоӣ 1-уми октябр миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе — «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и Фархор- «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешаванд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 бори 25-ум аст, ки барпо мешавад. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар — 6 бор дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дастаҳои «Истиқлол» панҷ бор ва «Хуҷанд» се бор барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Варзоб»-и Душанбе ва «Парвоз» (собиқ «Авиатор»)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, «Помир»-и Душанбе, «Ситора»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






