Иқдоми «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳамаи мост!» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Сентябрь 9, 2016 11:31

Ҷ.Расулов, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни  хотирмони кишвар  25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва фаъолон чорабиниҳои мухталиф, аз қабили семинару конфронс, суҳбату вохӯриҳо оид ба нақшу аҳамияти Истиқлолият дар бунёд ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон ҷараён доранд. Вобаста ба ин ҷашни муқаддас дар  маҷлисгоҳи бахши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бо иштироки ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳои ноҳия таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли Ватани маҳбуби ҳар яки мо  !» ҷамъомади васеъ баргузор гардид.  Дар он иштирокдорон доир ба мавзӯи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли Истиқлолият» сухан гуфта, насли ҷавонро ба гиромӣ доштани ин неъмати бебаҳо ва ҳамзамон саҳмгузор будан дар пешрафту тараққиёти кишвар даъват намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Расулов иттилоъ доданд.

Сентябрь 9, 2016 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад