Иди асал дар «Пойтахт-90». Асалпарварони беҳтаринро мукофот интизор аст
Душанбе, 7.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Маркази савдои «Пойтахт-90» Иди асал баргузор гардид. Дар он занбӯрпарварон аз тамоми гӯшаҳои кишвар, хусусан аз вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин намудҳои асалро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Инчунин хӯрок ва шириниҳои миллии аз асал омодашуда, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида шуданд.
Дар намоишгоҳ муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мусоев сухан карда, доир ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар 25- соли Истиқлолияти давлатии ҶТ маълумот дод.
Иди асал бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, он то 10 сентябри соли равон идома меёбад ва асалпарварони беҳтарин бо мукофот ва ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд.


















15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






