Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии “Истиқлол”-ро ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони ин иншооти таърихӣ-фарҳангӣ моҳи майи соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвову сарвари ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам, ки акнун ба макони дӯстдоштаи сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мубаддал мегардад, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.
Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандсохтмон-1», ҶДММ«СМС», ҶДММ «Каскад» ва ҶДММ «Стройкомплекс» мебошанд.
Зимни тамошо аз ин маҷмаа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён, ки дар як муддати кутоҳ чунин як иншооти зеборо бунёд кардаанд, баҳои баланд доданд.















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






