Ифтитоҳи Маркази иттилоотии туристӣ дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии туризм дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд барномаи идона баргузор гардид.
Дар он роҳбарияти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинону меҳмонони шаҳр иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар яке аз мавзеъҳои Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Маркази иттилоотии туристӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон бунёд гардидааст, ифтитоҳ гардид.
Барои болида гардонидани хотири иштирокчиёни маҳфил аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






