Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатии «Ганҷина»

Сентябрь 13, 2016 16:28

Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоеви шаҳри Конибодом Маркази ташхисию табобатии «Ганҷина» ба истифода дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, марказ дорои 7 ҳуҷраи хизматӣ, аз ҷумла, ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, қабули беморон, ташхиси ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи доругузаронӣ, таҳлилгоҳи умумӣ ва дорухона мебошад. Сохтмони бинои мазкур соли 2012 оғоз гардида, бо маблағи умумии 160 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Бо баробари ба истифода додани ин маркази саломатӣ 10 нафар шаҳрвандон бо  кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Хурсандии сокинонро ҳадду канор набуд, зеро бо баробари бунёди маркази саломатии «Ганҷина» барои сокинони деҳа бобати муоинаи саривақтӣ, муолиҷаи бемориҳо ва барқарор намудани вазъи саломатӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд.
Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатӣ ба ҷашни бузурги миллат- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар туҳфаи арзанда гардид.

Сентябрь 13, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад