Имсол ҳудуди бист табиби тоҷик дар мавсими Ҳаҷ-2016 ба хизмати ҳоҷиён сафарбар гардидаанд
Душанбе, 2.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сардухтури мавсими Ҳаҷ-2016 Асад Нуров мегӯяд, ҳамарӯза ҳудуди 100-150 нафар ҳоҷиён ба нуқтаҳои тиббии мавсимӣ муроҷиат мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоҷиён бештар аз бемориҳои фишорбаландӣ, дарди гулӯ, зуком ва амсоли он шикоят доранд. Сардухтур мегӯяд, аз сабаби истеъмоли зиёди оби хунук дар дохил ва хориҷ аз ҳарам зоирон бештар ба дарди гулӯ ва маҳкамшавии гулӯ гирифтор мешаванд, ки вобаста ба ин, гурӯҳи табибони мавсим миёни ҳоҷиён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки имсол ҳудуди бист табиб бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими Ҳаҷ-2016 ба хизмати ҳоҷиён сафарбар гардидаанд. Дар меҳмонхонаҳо 6 нуқтаи тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд ва ҳоҷиён низ аз кори гурӯҳи табибон қаноатманданд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҳудуди 60 дарсади ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ расидаанд ва вазъи сиҳатии онҳо хуб аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






