Инъикоси тантанаҳои идонаи Истиқлолияти давлатӣ дар саҳифаҳои матбуот

Сентябрь 15, 2016 14:48

Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои ин ҳафта нашршуда шукӯҳу шаҳомати тантанаҳои идонаро аз таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос намуданд. Дар шумораи навбатии нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (аз 08.09.2016,№ 181) матни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем», ҳамчунин сухани табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар – зодаи давраи истиқлолият» пешкаши хонандагон шудааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ», ки 3 сентябри соли 2016 таҳти рақами 751 имзо шудааст, дар шумораи рӯзи сешанбеи «Ҷумҳурият» (13.09.2016, №182-183) дарҷ гардида, ҳамчунин гузориши муфассал аз сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ва матни суханронии Президенти мамлакат зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти сарлавҳаи «Сарвари давлат: «Ба ормонҳои миллату Ватан ҳамеша содиқ монем» ба нашр расидааст. Дар паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон омадааст: «Мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонии халқамон мебошад, шукрона карда, онро чун неъмати қиматтарини ҳаётамон эҳтиёт ва ҳифз намоем. Зеро аз баракати Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз сокинони  мамлакатамон ҳамаи расму ойинҳои милливу динии худ, аз ҷумла фаризаҳои Иди саиди Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд». Дар саҳифаи 3 номаҳои шодбошии сарони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Президенти ФР Владимир Путин, Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин, Президенти ИМА Барак Обама, Президенти Фаронса Франсуа Олланд, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II, ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар саҳифаи 5 таманниёти сафирони кишварҳои хориҷӣ ба рушди минбаъда ва сарсабзии бештару фаротари Тоҷикистон чоп шудаанд.

Дар шумораи дирӯз чопшудаи «Ҷумҳурият» (14.08.2016 № 184) хабарҳо дар бораи тантанаҳои идона дар Маскав, Пекин ва Исломобод ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастгирӣ ёфтани ташаббуси нави Тоҷикистон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» аз тарафи ҷаласаи СММ, бозёфти осори шаҳри қадима дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва гузориш аз идомаи сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, инчунин суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен таҳти сарлавҳаи «Рушди саноати коркардро вусъати тоза бахшем» чоп шудааст.

Дар саҳифаҳои нашрияи парлумонии «Садои мардум» (09.09.2016,№116-117) аз баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дарҷ гардида, мақолаҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш.Зуҳуров «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди парламентаризми тоҷик», вакилони Маҷлиси намояндагон Н.Содиқова «Дастовардҳои мо натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат аст», Ҷобирзода Тоҳир «Соҳибистиқлолӣ. Марҳалае, ки дастовардҳояш Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон кард», ҳамчунин мақолаи «Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст», муаллиф Эмсал Коч — сардори иҷрояи Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии Фонди Диалоги АвруОсиё ва дигар навиштаҳои ҷолибро  пешкаши хонандагон намудааст.

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» матни суханони Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Истиқлолият рамзи саодат ва асолати миллат аст» чоп карда, мақолаҳои «Стандартҳо рушдбахши таълиманд», «Тарки одат – амри муҳим», «Усули таълими як мавзӯи химиявӣ» ва дигар хабарҳоро аз ҳаёти мактабу маориф пешкаши хонандагон кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»  мақолаи М.Усмоновро бо номи «Шуури исломи сиёсӣ, ба воситаи он мехоҳанд хилофати исломӣ барқарор кунанд» ба чоп расонидааст, ки дар он оид ба ташкилоти низомии «SADAT» маълумот дода шудааст. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи сардори шуъбаи тафтишотии Прокуратураи шаҳри Ваҳдат Хайём Ҳазратзода «Экстремизм поягузори бадбахтиҳост» пешниҳоди хонандагон шуда, муаллиф навиштааст: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари нафароне, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона иштирок доранд, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки аз ҳудуди дигар давлатҳо ба доми фиреби кортаъминкунандагон афтида, ба кишварҳои Ироқ ва Сурия рафтаанд. Ин ҷавонон саводи кофии динӣ надошта, дур аз таъсир ва назорати падару модар бо шунидани мавъизаҳои имом-хатибони ифротӣ дар масҷидҳо ва муошират бо ҷавонони минтақаҳои ҷангзада ба доми онҳо меафтанд».

Нашрияҳои «Тоҷикистон», «Фараж» низ аз таҷлили Истиқлолияти давлатӣ матлабҳо нашр карда, пешкаши мухлисони худ намуданд.

 

Сентябрь 15, 2016 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд