Интиқоли маводи мухаддир дар сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид
Душанбе, 06.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз минтақаи зертобеъи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби сарҳадбонон пешгирӣ карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, 5 сентябр гурӯҳи номаълуми қочоқчиёни мусаллаҳи афғон иборат аз 5 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз тарафи сарҳадбонон ба мушоҳида расид. Қочоқчиён ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд ва, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.
Сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон дода, дар натиҷа як нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуд. Боқимонда ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 39 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК 7,62 сохти хориҷӣ, 146 дона тири қутраш 7,62 бо 5 адад тирдон, 1 адад телефонии мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






