Исмоил Раҳматов: «Гурӯҳҳои мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд бо ин роҳ Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, ба мақсад намерасанд»
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябри соли равон як гурӯҳ аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ном мебаранд, бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ вориди ҷаласаи САҲА гардида, хостори озод намудани аъзои ҳизби мамнуъшуда гардиданд. Вобаста ба ин масъала Исмоил Раҳматов, мудири кафедраи таърихи ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳамоишеро, ки аз тарафи мухолифини давлати Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои фирории Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом сурат гирифт, метавон нигаронкунанда арзёбӣ намуд.
«Имрӯз мухолифони Тоҷикистон на танҳо дар Варшава, балки дар дигар шаҳрҳои Аврупо ҷамъ шуда, бо мақсади тӯҳмат ва овоза кардани суханҳои бардурӯғ бар зидди ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон дар конфронсҳо баромад мекунанд. Аслан гирем, ин ба муқаррароти ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳеҷ мувофиқат намекунад ва аз рӯи одоб низ нест»,- гуфт Исмоил Раҳматов ва афзуд: «Он шартҳову фикрҳои усулҳои бебунёди мухолифин ба воқеият рост намеоянд. Ба қавли мухолифин, гӯё маҳбусон ва аъзои ҳизби мамнуъшудаи Тоҷикистон- Ҳизби наҳзати исломӣ аз тарафи мақомоти расмӣ шиканҷа мебинанд. Мо худ огоҳ ҳастем, ки узви Ҳизби мамнуъшуда Зарафо Раҳмонӣ мувофиқи қонуни авф аз маҳбас озод шуда, худ изҳорот дод, ки дар маҳбас шиканҷа ва ягон тазъиқ аз тарафи мақомоти маҳбасхона нисбат ба ӯ нашудааст».
Ин ҳамоишҳои гурӯҳҳои мухолифин танҳо гирифтани қасди ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ин роҳ мехоҳанд Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, вале, албатта, ба мақсад намерасанд. Ба гуфтаи Исмоил Раҳматов, ҳадафи асосии мухолифони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тахриби вазъи сиёсати имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва онҳо бо ин роҳ мехоҳанд таваҷҷуҳи мардумро ҷалб намуда, бетартибӣ, беназмӣ ва воқеаҳои солҳои 1990-1992- ро ба вуҷуд оранд. Бо бовари комил метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин гуна бӯҳтонҳо дода намешаванд, зеро ҳар як нафари онҳо хуб медонад, ки ҷангҳои солҳои 90 бар сари мардум чӣ рӯзҳоро оварданд.
«Имрӯз мо худ шоҳид ҳастем, ки вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб ва босубот аст. Роҳбарият ва Ҳукумати кишвар барои беҳбудӣ ва вазъи иқтисодии кишвар гомҳои хуб гирифта истодаанд ва барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом медиҳанд»,- зикр намуд устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






