«Истиқлол» бар дастаи «Хайр» дар даври дувоздаҳум ғолиб омад

Сентябрь 16, 2016 11:09

Душанбе, 16.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозие, ки дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе баргузор шуд, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Ҳоло «Истиқлол» бо 30 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.
Ҳисобро дар дақиқаи 31-уми бозӣ Умед Азизов, бозингари меҳмонон кушод. Вале баъди ду дақиқа Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани дастаи «Истиқлол» ҳисобро баробар кард.
Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон ба дарвозаи «Хайр» боз се гол заданд. Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 51-ум тӯбро бо зарбаи сар вориди дарвоза карда, дастаи «Истиқлол»-ро ба пеш баровард. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 71-ум голи сеюмро ба нишон расонд. Голи чаҳоруми мизбононро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи охирини бозӣ ба тӯри дарвозаи «Хайр» зад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «ССКА Помир»-и Душанбе, ки 13-уми сентябр дар майдони худ дастаи «Вахш» -и Қурғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 20 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи дуюм баромад. Дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки бо 19 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир аст, бозии мавқуфгузоштаи даври 12-умро дар сафар бо тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 21 сентябр анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, боз ду бозии дигари даври дувоздаҳум миёни дастаҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — «Равшан»-и Кӯлоб ба 22 сентябр ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода — «Барқчӣ»-и Душанбе ба муҳлати дертар гузаронида шуданд.

Сентябрь 16, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад