Истиқлолият гарави ваҳдати миллат аст
Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор аст, ки мардуми кишвар имсол 25-солагии истиқлолияти миллию давлатии худро бо дастовардҳои назаррас ҷашн мегиранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин истиқлолият барои мардуми кишвар муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати миллии мо, ки баъди муборизаҳои зиёди садсолаҳо ва заҳмати зиёди басо сангини мардуми озодихоҳамон ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихиро гузошт. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди давлатдории муосири тоҷикон» муҳимтарин вазифаи мо дар ин даврони ҳассосу мушкил ба шумор меравад.
Дар давоми 25 соли истиқлолият мо сарфи назар аз мушкилиҳое, ки доштем, тавонистем бо сарварии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузорем, бо роҳи созандагию бунёдкорӣ ифтихори давлатдории худро ҳифз намоем. Дар ин давра расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиамон, рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд.
Баъди ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ хотима ёфт. Яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди давлати миллӣ маориф, илм ва фарҳанг мебошад, ки пайваста дар зери назорату дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар даврони истиқлолият паҳлўҳои гуногуни фарҳанги миллӣ таҷдиду такони тоза ёфтанд. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва баъзе давлатҳои дигар соли 2010 мувофиқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни миллии аҷдодиямон – Наврўз мақоми байналмилалиро соҳиб шуд. Бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихию археологӣ дар мавзеи Саразм ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид шуд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба рушди арзишҳои миллию мазҳабии мардуми кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад. Омўзиш, ҳифз ва рушди арзишҳои миллию мазҳабиямон барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраю симои арзандаи худ ворид шудан ва ҳамчун давлати мутамаддини миллӣ сўи низоми демократию дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш рафтан мусоидат менамояд.
Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бе расидан ба истиқлолияти фикрию арзишӣ имконнопазир аст. Дар 25 соли давраи истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ бояд андеша ва тафаккури миллӣ таҳаввулу инкишоф ёфта, моҳиятан хусусияти миллӣ гиранд. Ин масъала дар раванди бунёди давлати миллӣ яке аз масоили муҳим ва усулӣ аст. Он ба масъалаи суботу амнияти давлати миллӣ зич вобаста мебошад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки минтақаҳои гуногун ба саҳнаи набарди ошкорои манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо табдил шуда, кишварҳои нисбатан хурд ва рушдкунандаро хатари аз даст додани амну субот таҳдид менамояд, омўзиш, ҳифз ва рушди арзишҳои миллию мазҳабӣ, дарёфти роҳу усулҳои инкишофи андешаи миллӣ ва ба раванди рушду таҳкими давлати миллӣ мутобиқ сохтани андешаи мазҳабӣ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳифзи истиқлолият ва таҳкими давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Табиист, ки танҳо дар заминаи эҳё ва инкишофи андешаи миллӣ ва мазҳабӣ фарҳанг, яъне арзишҳои миллию мазҳабии мо метавонанд омили муҳими ваҳдат ва рушди маънавии ҷомеа бошанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ ба масъалаи андешаи миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зарурати омўзиши онро ҳамчун асоси маънавии ваҳдати миллӣ, ҷавҳари ақидатии давлати миллӣ ва воситаи муҳими ваҳдату пайвастагии аҳли ҷомеаи имрўзаи тоҷикон баён намудааст, зеро омўзиши андешаи миллию мазҳабӣ ҳамчун воситаи бақои миллат, омили муҳими якдилӣ ва якпорчагии он дар чорчўбаи давлати ягонаи миллӣ мебошад. Зиёда аз ин, маҳз дар заминаи андешаи миллию мазҳабӣ омўзиши фарҳанги ниёгони мо боиси густариши фарҳанги муосир гашта, ба раванди маърифатнокӣ ва ҷаҳоншиносии наслҳои имрўзу фардо суръати тоза мебахшад. Тавассути андешаи миллию мазҳабиамон мо фарҳанги аҷдодиамонро дониста, ба он неруи тозаи маънавӣ мебахшем, то ки барои рушди маънавиёту пешрафти ҳаёти иқтисодию сиёсии минбаъдаи мо мусоидат кунад.
Дар марҳилаи ҳозира омўзишу таҳқиқи андешаи миллию мазҳабии мо ва мақому нақши он дар ҷомеа яке аз омилҳои кафолати рушди устувору муътадили ҷомеа, таъмини муносибати мутавозини миёни ҷомеа, давлат ва шаҳрвандон мебошад.
Миллати тоҷик дар шикасту рехти таърих дар давраи навин соҳиби Истиқлолият гардид, ки он яке аз арзишҳои олии умумиинсонӣ ва орзуи ҳазорон наслҳои гузаштаи мо гардид. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар масири таърих чандин абармардҳои бузургро дар роҳи расидан ба истиқлолият аз даст додааст. Қаҳрамонони таърихии халқи тоҷик, ба монанди Спитамену Муқаннаъ, Деваштичу Темурмалик ва садҳо нафари дигар дар ҳар давр кўшиши аз зери зулми низоми аҷнабӣ баромаданро сарварӣ кардаанд. Истиқлолияте, ки мо соҳиб гаштаем, ба осонӣ ба даст наомада, балки натиҷаи муборизаи чандинасра ва ҷоннисориҳои ҳазорон намояндаи ин миллати шарафманду озодихоҳ аст. Халқҳои гуногуни ҷаҳон барои ба даст овардани истиқлолияти миллӣ чӣ гуна ҷоннисориҳо кардаанд, вале то ҳол ҳамчун қавмҳои пароканда бо ҳазорон орзуи соҳибистиқлол шудан дар кишварҳои мухталиф зиндагӣ доранд.
Даврони худшиносӣ ва пешрафти ҳамаи халқҳои ҷаҳон аксаран дар даврони соҳибистиқлолии сиёсии онҳо сурат мегирад. Маҳз соҳибихтиёр будан имконият медиҳад, ки захираҳои ақлию зеҳнӣ барои манфиати ҳамин халқ самарабахш истифода гарданд. Агар миллат истиқлолияти сиёсӣ надошта бошад, зери нуфузи дигар давлатҳо қарор гирифта, сармояи инсониаш ба манфиати аҷнабиён истифода хоҳад гашт. Маълум аст, ки замони давлатдории Сомониён даврони шукуфоии ҳаёти фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии мардуми тоҷик буд. Ҳамаи ин пешравиҳо ва дастовардҳои фарҳангию адабии замони Сомониён маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва озодии сиёсии ин миллат имконпазир гардид. Бешубҳа, истиқлолияти сиёсӣ ба рушди тамоми рукнҳои давлатдорӣ, соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ замина ва шароити мусоид фароҳам меоварад. Маҳз дар давлати соҳибихтиёр арзишҳои миллӣ, монанди худшиносии миллӣ, ватандўстӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ ташаккул меёбанд.
Ниҳоят, баъди гузашти садсолаҳо орзую омоли чандинасраи миллати тоҷик ҷомаи амал пўшид ва 9-уми сентябри соли 1991 дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эъломия қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба истиқлолияти сиёсии кишварамон ҳукми қонунӣ бахшид. Ҳамин тариқ, бори дигар баъд аз садсолаҳо соҳибихтиёрӣ насиби Тоҷикистон шуд. Воқеан, истиқлолият ҳастии миллат ва неъмати бебаҳои ҳар як давлат аст. Ҳамин аст, ки дар давраи на чандон тўлонии истиқлолият кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст ва ҳамарўза мо аз неъмати ин дастовардҳо баҳра бурда истодаем. Фақат ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик тавонист ба дастовардҳое ноил гардад, ки ҳатто дар 70 соли замони Шўравӣ муяссар нашуда буд. Дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ хоҷагии халқ, таъмини амнияту бехатарӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мардуми тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд ва ҳамаи ин бо шарофати соҳибихтиёр гаштани мардуми тоҷик мебошад.
Дар давраи Истиқлолият давлатдории тоҷикон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, дар ин масир бо қадамҳои устувор ба пеш ҳаракат дорад.
Давлати Тоҷикистон барои иҷрои се ҳадафи стратегии худ – таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст. Чуноне ки имрўз ҳар яки мо аз беҳбудии зиндагии хонаводаи хеш пай бурдаем ва огоҳона дарк намудаем, ниҳоли истиқлол дар сурате ба дарахти бузургу боровар табдил хоҳад гашт ва меваҳои ширин хоҳад дод, ки пайваста дар фикри нигоҳубин ва парваришаш бошем. Мо бояд ин истиқлолиятеро, ки тавассути ҷонбозиҳои садҳо абармардони тоҷик ба даст омадааст, мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба қадраш бирасем. Яъне мо бояд ҳамеша барои густариш додан ва афзудан ба дастовардҳои истиқлол бо эҳсоси гарми ватандўстию ватандорӣ, дилсўзию масъулиятшиносӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона саъю кўшиши доимӣ намоем, зеро таърихи ҳар як миллат собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолият мушкилтар аз ба даст овардани он аст. Дар ҷаҳони имрўзаи пуртазод раванди ҷаҳонишавӣ кишварҳо ва миллатҳоро ба гирдоби нави муборизаҳо кашида, пеш аз ҳама, ҷавононро бо чолишҳои равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ рў ба рў намудааст. Дар чунин шароит ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва вижагиҳои хоси фарҳанги халқамон вазифаҳое ҳастанд, ки бақои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба онҳо пайванди ногусастанӣ дорад.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ муҳоҷироне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ рў ба фирор оварда буданд, ба ватани худ баргардонида шуданд ва ин муҳимтарин неъмати замони Истиқлолият буд. Амалҳои сазоворе, ки дар оѓози фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ анҷом пазируфт, ин озод кардани садҳо асирони ҳарбию маҳбусони сиёсӣ буд. Садҳо хонаводаҳои хушбахт шаҳди сулҳу оштиро яке аз аввалинҳо шуда чашиданд. Шодиву хурсандиҳои онҳое, ки баъди солҳои дарози фироқу ҷудоӣ азизони худро боз дар оғўши гарми оила ёфтанд, интиҳо надошт.
Истиқлолият, Ваҳдат, Сулҳ- чӣ неъматҳои муқаддасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар партави ҳамин неъматҳо имконпазир мегарданд. Оре, ваҳдату истиқлолият ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дўстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меоварад. Пас, ҳамин истиқлолияту ваҳдат аст, ки моро ҳамчун афроди миллат барои расидан ба мақсаду орзуҳои нек бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибандем. Барои он ки дурри мақсуд, яъне дўстиву рафоқат, ягонагию ҳамфикрӣ ба даст ояд, ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст. Нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ кафолати истиқлолияти давлату миллат аст, зеро агар дар байни шаҳрвандони миллат ваҳдату якдилӣ набошад, истиқлолиятро нигоҳ доштан коре сахт мушкил мешавад. Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки бе нигоҳдошти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ пойдории истиқлолияти давлатӣ ѓайриимкон аст. Давлатҳое, ки ба сатҳи баланди тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ расидаанд ва мардуми он дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд, кишварҳое ҳастанд, ки мардумашон муттаҳиду якдил гашта, дар ин роҳ талошу мубориза бурдаанд ва ниҳоят, ба натиҷаи дилхоҳ дастёб шудаанд. Бинобар ҳамин, агар мо низ хоҳони пешравӣ ва сулҳу осоиштагӣ бошем, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, дар роҳи рушди мамлакат ба умеди дигарон нашавем ва худамон дар ин масир ба хотири ноил шудан ба дастовардҳои баланд содиқона меҳнат кунем.
Ҳақиқат ин аст, ки барои давлатҳои ҷавон дар марҳалаи оѓози бунёди давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои он масъалаҳои дуюмдараҷаву сеюмдараҷа вуҷуд надоранд, балки ҳамаи масъалаҳое, ки набзи ҷомеа ба онҳо вобастааст, муҳиму аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. Дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, манфиатҳои давлатдории миллӣ дар мадди аввал меистанд. Ин як воқеияти куллӣ ва меҳварии дар тамоми ҷаҳон шинохташуда аст.
Дар масири таърих, бо вуҷуди он, ки миллати мо аз озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти асили оламгирашро нигоҳ доштааст. Ин аст намунаи фарҳанги асил.
Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бинои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Хулоса, мардуми тоҷик махсусан ҷавонони тоҷик, ки баъзан ба қадри ин неъмати бебаҳо намерасанд ва ба гурўҳҳои гуногуни ифротгаро шомил мегарданд, дуруст андеша намекунанд, ки соҳибихтиёрӣ ба ивази чӣ қадар ҷоннисорӣ ва фидокорӣ ба даст омадааст. Ҷавонони саодатманд бояд бидонанд, ки истиқлолият- ин арзиши волотарини ҳар халқ ба ҳисоб меравад. Киштзоре, ки абармардони тоҷик барои насли оянда омода карда буданд, акнун ба бор омадаасту маҳсули онро насли имрўза чашида истодааст.
Инак, дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукмрон аст. Мо шукри ин неъмати бебаҳоро карда, бояд аз сидқи дил хонем, омўзем ва дар пешрафту рушди ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазо гузошта тавонем.
Мо, миллати сарбаланди тоҷик сарнавишти худро бояд худамон муайян намоем. Бигузор Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!
Ҳумоюн Самадов, Камолиддин Хоҷаев – кормандони илмии
Шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон