Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Академияи илмҳо
Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар мавзӯи «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолият самимона шодбош гуфт. Маҳмадшариф Бобошоҳзода, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа матни Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи мукофотонидани ду нафар корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ Валӣ Самад бо медали «Хизмати шоиста» ва ходими калони илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АИҶТ Абдуғаффор Шариповро бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои фаъолияти самарабахши касбиашон қироат намуда, мукофотро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода ва сардори раёсати таҳлилӣ ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризоиён Шералӣ Шукруллозода дар хусуси ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.
Дар конфронс оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун меҳвари манфиатҳои миллӣ, рушди босуботи Тоҷикистон ва шароити геополитикии Осиёи Марказӣ: заминаҳо, таҳдидҳо ва дурнамо, терроризм ва экстремизм ҳамчун хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолият, роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо, манфиатҳои илмӣ дар пешорӯи хатарҳои геополитикӣ, ҳамроҳ шудани ҷавонон ба ташкилотҳои террористию эстремистӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатарҳои муосири геополитикӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






