Конибодом: Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Сентябрь 13, 2016 16:03

Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ    шахсони камбизоату табақаҳои эҳтиёҷманд ва яккаву танҳоро аёдат карданд. Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ Валиҷон Азимов ва Рауфҷон Бобоҷонов ба беморони маркази равоншиносии шаҳри Конибодом маводи озуқа, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ ва меваҷот расониданд. Роҳбарият ва табобатгирандагони марказ аз ин ташаббуси  кишоварзони шаҳр шод гашта, миннатдорӣ баён намуданд.
Муовини раиси шаҳри Конибодом Илҳомҷон Ҳомидов низ якчанд нафар собиқадорони меҳнат ва шахсони барӯманди шаҳрро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро супорид.
Собиқадорон аз ғамхориву дастгириҳои давлат изҳори қаноамандӣ намуда, баҳри шукуфоии диёр ва ҳаёти тинҷу осудаи халқ дуо карданд.
Чунин аёдату дидорбиниҳо давом доранд.

Сентябрь 13, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид