Конибодом: Вакили мардумӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суҳбат кард
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрии вакили МН МО ҶТ Равшан Раҷабов бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуотии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот Равшан Раҷабов доир ба дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик ба дастовардҳои бузургу назаррас соҳиб гашт. Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳо ба вуҷуд омаданд, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Вакили Парлумон ҳамчунин оид ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунҳои ҶТ ва бунёди иншооти азим ҳарф зад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






