Кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба ду корманди кумита мукофоти давлатӣ супорида шуд.
Тавре аз маркази матбуотии кумита ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Носир Бозоров, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумита барои фаъолияти самарабахши касбӣ бо мукофоти давлатӣ — Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президент Сайфиддин Давлатзода иброз дошт, ки яке аз корҳои арзандаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ- ин саҳмгузорӣ дар ғалабаи Дилшод Назаров мебошад.
«Ҳар корманде, ки барои муваффақият ва пешрафту шукуфоии ин меҳани биҳиштосо фаъолият менамояд, ба мукофоти давлатӣ арзанда аст. Фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ҳеҷ гоҳ аз назари давлату ҳукумати кишвар дар канор намемонад. Рӯзе мерасад, ки ҳамаи он қадрдонӣ мешаванд»,- гуфта шуд дар чорабинӣ.












Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






