Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 сентбяр бо Фармони Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони соҳаи фарҳанг бо назардошти хизматҳои пурсамарашон дар соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Мукофотҳои давлатиро мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба кормандон тақдим намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд Қурбоналӣ Бӯриев, директори генералии Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб «Хонаи китоби Тоҷикистон», Хосият Олимова, ҷоизадори Озмуни байналхалқии пианинонавозони Федератсияи Русия, мудири кафедраи фортепианои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, Хайриддин Ҷалолов, директории Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Мухтор Ашрафӣ бо медали «Хизмати шоиста» ва Абдураҳмон Назирматов, омӯзгори тахассуси заргарии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






