Курсҳои омӯзишӣ оид ба маводи кимиёвӣ дар шаҳри Меркурии ИМА

Сентябрь 27, 2016 11:21

Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 29 сентябри соли равон дар шаҳри Меркурии иёлати Невадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси Котиботи генералии Интерпол курсҳои омӯзишӣ ва омодагӣ дар мавзӯи «Маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиоктивӣ, ҳастаӣ ва тарканда- маълумотнокӣ ва амал ҳангоми ҳодисаҳо бо истифодаи маводи радиоактивӣ ё ҳастаӣ» бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии 11 кишвари ҷаҳон: Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи кории намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Анварҷон Ализода, мутахассисони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва Бюрои Миллии Марказии Интерпол дар ин ҳамоиш иштирок менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки чунин ҳамоиш дар таърихи Интерпол бори нахуст доир гардида, дар он 35 нафар аз давлатҳои мазкур дар мавзӯи «Маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиоктивӣ, ҳастаӣ ва тарканда- маълумотнокӣ ва амал ҳангоми ҳодисаҳо бо истифодаи маводи радиоактивӣ ё ҳастаӣ» ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Пас аз омӯзиш ширкаткунандагон таҷрибаи андӯхтаи хешро ба ҳамкорони худ баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ дар самти маводи кимиёвӣ меомӯзонанд.
Бояд тазаккур дод, ки курсҳои омӯзишии мазкур бо дастгирии Вазорати мудофиаи ИМА, Бюрои федералии тафтишотии ИМА (ФБР), Вазорати энергетикаи ИМА, Ширкати «National Security Technologies» (NS Tec) ва Барномаи таъмини амалиёти мубориза бар зидди терроризм (CTOS) дар якҷоягӣ бо Котиботи генералии Интерпол ба роҳ монда шудааст.
Курсҳои омӯзишӣ 4 рӯз идома ёфта, иштирокчиёни он ба ғайр аз дарсҳои омӯзишӣ, инчунин вобаста ба масъалаҳои маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиоктивӣ, ҳастаӣ ва тарканда таҷриба меомӯзанд.

Сентябрь 27, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад