Мактаби № 6 деҳаи Шаҳрибарбари ҷамоати деҳоти Доғистон ба номи Ҷумъахон Ҳотамӣ гузошта шуд
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябри соли равон дар деҳаи Шаҳрибарбари ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маросими номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 ба номи муборизи роҳи озодиву ҳақиқат Ҷумъахон Ҳотамӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, масъулини шуъбаҳои милитсияи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод, наздикону пайвандони Ҷумъахон Ҳотамӣ, омӯзгорону хонандагони мактаби миёнаи № 6 ва сокинони деҳаи Шаҳрибарбар доир шуд.
Ҷумъахон Ҳотамӣ ҳамчун шарқшиноси маъруф ба ҳайси тарҷумон дар кишварҳои Ироқу Ливия ва Афғонистон фаъолият карда, соли 1993 ба ҳайси сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор омад. Баъд аз фаъолияти чандинсола 4-уми июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе аз тири нохалафон ҳалок гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






