ММТ: Азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ эълон гардид
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки ба озмунҳои тақсимоти асосӣ, ки 3-юми август ва такрории довталабон 26-уми август роҳ ёфта буданду лекин дар озмунҳои мазкур аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, мерасонад, ки тибқи 2016 ҷойи дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ холимонда озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабонро доир менамояд.
Тибқи ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабон танҳо ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) тибқи ихтисосҳое доир карда мешавад, ки баъд аз озмуни тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2016 мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи шакли таҳсили рӯзонаю ғоибона ва намуди таҳсили пулакӣ дар онҳо ҷойҳои холӣ мондаанд.
Инчунин хотиррасон менамояд, ки довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ ҳуқуқи иштирок надоранд.
Бояд гуфт, ки азнавбақайдгирӣ ва қабули маблағҳо барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ танҳо дар шаҳри Душанбе, бевосита дар бинои Марказ ба роҳ монда мешавад. Азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ аз 19 то 22 сентябр баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории иловагӣ, ки дар асоси натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон доир мегардад, 24 сентябр эълон карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






