«Мо аз дастгирии мардум ифтихор дорем», «Сиёсати санҷидашуда ва дипломатияи ботавозун» — шарҳи матбуот
Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (26.09.2016, №191) сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт бо гузоришҳои муфассал, аксҳои ҷолиб ва матни суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Нуробод инъикос шудааст. Таҳти рубрикаи «Сухани рӯз» суханони зерини Президенти мамлакат дарҷ гардидаанд: «Пешрафти минбаъдаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳоло хеле зиёданд». Воқеан ҳам дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ноҳияҳои дурдаст, хусусан ноҳияҳои водии Рашт ба таври муқоисанашаванда рушду нумӯъ ёфтанд, ки шаҳодати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар шумораи рӯзи сешанбеи «Ҷумҳурият» (27.09.2016,№192) гузоришҳои муфассал аз идомаи сафари кории Пешвои миллат дар водии Рашт пешкаши хонандагон шудааст. Мақолаи «Ҷаҳонгардӣ, рушди он дар Тоҷикистон ногузир аст» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ навишта шудааст.
«Мо аз дастгирии мардум ифтихор дорем» — бо чунин сарлавҳа шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (28.09.2016, № 193) аз ифтитоҳ ёфтани маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳия ва чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ хабару гузоришҳоро пешкаши хонандагон кардааст. Бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ, ки акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 29 сентябр ҷашн гирифта мешавад, мақолаи В.Ниятбеков бо сарлавҳаи «Сиёсати санҷидашуда ва дипломатияи ботавозун» чоп шудааст, ки аз таърихи дипломатияи тоҷик дар давоми 25 соли охир нақл мекунад.
Нашрияи русзабони «Народная газета» (27.09.2016, №41) дар қатори дигар мавзӯъҳои рӯзмарра ҳамчунин дар бораи ҷаласаи САҲА-ро тарк кардани ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи таҳлилӣ нашр карда, иқдоми намояндагони расмии мамлакатро, ки бо нишони эътироз ҷаласаи Варшаваро тарк карданд, амали зарурӣ маънидод кардааст. Воқеан ҳам вақте ба толори ҷаласаи САҲА аъзо ва тарафдорони созмони террористии ҲНИТ, ки дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доранд, худсарона ворид шуда, нисбат ба намояндагони расмии Тоҷикистон таҳдиду таҳқирро раво мебинанд, ҳузур доштани намояндагони расмии мамлакат зарурат надорад, зеро террорист террорист аст, мумкин нест, ки террористонро ба худӣ ва бегона, камзарар ва безарар ҷудо кард. Бо террористон гуфтушунид кардан қобили қабул нест.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мақолаи доктори илми филология Ҳасани Султон «Забон – омили ташаккул ва бақои миллат»-ро нашр карда, дар саҳифаи назм шеърҳои нави шоир Назри Яздонӣ ва дар саҳифаи адабиёти ҷаҳонӣ ҳикояи нависандаи машҳури чех Карел Чапек «Фолбин»-ро пешкаши мухлисон кардааст. Бахшида ба Рӯзи Мавлоно, ки ҳар сол 30 сентябр таҷлил мегардад, мақолаи «Васлгари дилҳои аҳли ҷаҳон» дар ҳамин шумораи «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» навиштаи Рустам Раҳимов «Баёнияи бадномкунанда»-ро нашр кардааст, ки дар он чунин омадааст: «Роҳбарияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ вазъияти кишварро бад карда, бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт мардумро мехост гумроҳ намояд. Акнун омода аст, ки нисбат ба миллати тоҷик нақшаи разилонаро амалӣ созад, манфиатҳои миллии мардум ва давлати тоҷиконро зери по гузорад». Дар идомаи ҳамин мавзӯъ ҳамчунин мақолаи «Қаҳрамонӣ худситоӣ нест» пешкаши хонандагон шудааст: «Наҳзат ва наҳзатиён бо таърифу тавсифҳои бебунёд, хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, худнамоиву риёкорӣ, даъвогариву даъводорӣ, авомфиребиву найрангбозӣ, дурӯғбофиву дурӯғпароканӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамоҳои «худӣ» майдондорӣ мекунанд ва пеш аз ҳама, насли ҷавонро мехоҳанд ба доми фиребу найранг кашанд». Воқеан ҳам мавриди зикр аст, ки ҷавонони саодатманди миллатро мебояд ҳаргиз ба сафсата ва найрангҳои аъзои ташкилоти террористии ҲНИТ, ки мисли каждуми таги бӯрё амал мекунанд, дода нашаванд ва худшиносиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Нашрияи «Тоҷикистон» мусоҳибаи муҳаррири нашрияро бо собиқ узви роҳбарикунандаи ташкилоти террористии ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ нашр кардааст. Мусоҳиб изҳор кардааст: «Кабирӣ дар ҳаққи мо хиёнат кард, зеро ӯ медонист, ки моро боздошт мекунанд, вале барои халосии мо коре накард. То тавонист хешу ақрабои худро аз кишвар берун кард. Ҳатто хоҳараш ба ман телефон карда гуфт: «Зарафо, дилам ба ту месӯзад». Дар мусоҳиба ҳамчунин аз таълимоти низомӣ гирифтани аъзои ҲНИТ дар кишвари Эрон маълумот дода шудааст.