Моҳипарварони вилояти Суғд наздик ба 100 тонна моҳӣ сайд кардаанд
Хуҷанд, 19.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд аз аввали сол то имрӯз дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 98,3 тоннаро ташкил намуд. Тавре ки аз Идораи моҳипарварии вилоят иттилоъ доданд, хаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар 8 моҳи соли равон 2,0 млн. сомониро ташкил кард, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум — 0,7 фоиз зиёд шудааст.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед 8,6 фоиз, зағорамоҳӣ 11,7 фоиз, амури сафед 4,5 фоиз, суфмоҳӣ 5,2 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо 69,9 фоизро ташкил мекунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






