МОИ Суғд: аз оғози сол ба маблағи 36 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Хуҷанд, 19.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 8 моҳи соли 2016 аз ҷониби субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии Суғд (МОИ) ба маблағи 47722,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот, савдо ва корҳои хизматрасонӣ ба иҷро расонида шудаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, аз оғози сол то инҷониб аз ҷониби 7 корхонаи калони истеҳсолии ин минтақа ба маблағи 35911,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии ҶДММ «Реал» ба маблағи 7084,3 ҳазор сомонӣ, КМ «Стар Пласт» — 8126,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Равзана Пластик» — 279,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» -14458,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КМ «Силкоат Бойя» -9740,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КФ «Фартуна Ко» — 3508,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ ШИИ «Сомон Энержи» — 4,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Ҳамчунин дар ин давра коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «Кристал мозаик» ба маблағи 2822,0 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Эсхата Суғд Савдо» — 839,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба фурўш баровардаанд.
Бояд гуфт, ки Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар он 24 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 3 субъекти он корхонаҳои муштарак мебошанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






