Молҳои содиротии музофоти Гансуи Чин дар Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Сентябрь 15, 2016 14:51

Душанбе, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти тиҷоратии ҳукумати халқии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин намоишгоҳи байналмилалии молҳои содиротии музофоти Гансу баргузор гардид.
Мақсади намоиши молҳои содиротии музофоти Гансу васеъ намудани муносибатҳои корӣ байни соҳибкорон, ҷалби сармояи Чин, технологияи муосир ва таҷҳизот буда, ин барои пешбурди вохӯриҳои тиҷоратӣ, бастани шартномаҳои манфиатнок ҷиҳати ҳамкорӣ, таъсис додани корхонаҳои муштарак, ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар имконият фароҳам меорад.
Тавре муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Манзура Рустамова иброз дошт, дар намоишгоҳи мазкур 40 ширкати саноатӣ, кишоварзӣ, илмӣ- истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва фарматсевтии Гансу иштирок намуда, молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.
Намоишгоҳи байналмилалии молҳои содиротии музофоти Гансу аз 15 то 17 сентябр идома ёфта, 16 сентябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҳамоиши доираҳои соҳибкории Гансу ва Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи форуми мазкур таъмин ва таҳкими рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Чин мебошад.

Сентябрь 15, 2016 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад