Муҳтарам Мамадшо Илолов, таъсиси «ВАК»-и миллӣ хавфе надорад

Сентябрь 16, 2016 11:35

Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар ҳамоише, ки  27 августи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардида буд, аз зиёд будани теъдоди номзадҳо ва докторони илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2015 дар шӯроҳои диссертатсионии кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ карадаанд, изҳори нигаронӣ намуд. Номбурда таъкид бар он доштааст, ки соли сипаришуда дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ шудааст ва иброз намудааст, ки «сари ин масъала фикр бояд кард».

Ба гумони ғолиб, ин ҷо  манзури Д.Медведев на бадгумонӣ дар салоҳиятнокии унвонҷӯҳои Тоҷикистон, балки бештар шакку шубҳаи ӯ нисбат ба фаъолияти «ВАК»-и  Русия мебошад.

Матлаби мазкур кирои ҷавоб гуфтан ҳам намекард, агар онро расонаҳои иттилоотии  «Радиои озодӣ»  (01.09.1016) ва «Азия плюс» (02.09.2016) нашр намекарданд ва зиёда аз ин, агар дар пахши иттилоотии «Радиои озодӣ» якчанд саҳву хато намерафт.

Аввалан, ин  қабил иттилоот ва рақамҳо нав нестанд ва онҳо ҳанӯз 4-уми сентябри соли 2015 дар Академияи илмҳо аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Русия-директори Департаменти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгорӣ  Шишканова Инесса Алексеевна ва ҷонишини ӯ Пахомов Сергей Иванович садо дода буданд. Аммо шигифтовар он аст, ки хабарнигорони «Радиои озодӣ» аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз иттилоъ надоранд.

Бамаврид аст зикр намоем, ки Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 255 таъсис ёфта, Низомномаи он 17 июни соли 2015, № 504 тасдиқ шудааст. Дар  ин маврид ҳам аз расонаҳои иттилоотии расмӣ ва ҳам аз сомонаи интернетии худи муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.vak.tj)  иттилои муфассал гирифтан мумкин буд. Айни ҳол КОА соҳиби бинои алоҳида, воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, к. Шевченко 39 буда, фаъолияти он идома дорад. Илова бар ин, КОА дар расонаҳои ахбори омма (дар ҳафтаномаи «Омӯзгор», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ) ва ба воситаи телевизиони  «Ҷаҳоннамо» дар бораи ишғоли ҷойҳои холӣ якчанд маротиба озмун эълон намуда буд. КОА дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ба қонунҳои ҷорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, якчанд асноди меъёрию ҳуқуқиро дар мувофиқа бо вазорату кумитаҳои дахлдор таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Ҳамчунин изҳор менамоем, ки КОА барои ҳамкории муфид бо тамоми расонаҳои иттилоотӣ омода аст

Академияи илмхоАз ҳама таассуфовар ва нигаронкунанда он аст, ки дар маводи интишорнамудаи  «Радиои озодӣ» зери унвони «Тааҷҷуби Медведев аз шумораи номзадҳои илм дар Тоҷикистон» (www.ozodi.org, 2.09.16) академики муҳтарами мо, собиқ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов (банда ба ӯ эҳтиром дорам) бар  замми беиттилоии хеш дар бораи КОА «…мо барои гузаштан ба ВАК-и миллии хеш набояд шитоб кунем» гуфтааст. Акнун маълум мешавад, ки чаро дар давраи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон  будани муҳтарам Мамадшо Илолов дар бунёдгузории ин рукни муҳимми истиқлолияти давлатамон ибтикору иқдоме амалӣ нашудааст.

Дар идомаи суҳбати  хеш академик Мамадшо Илолов ба хабарнигори «Радиои озодӣ» ҳамчун шахси ватанпараст ба Д.Медведев эрод мегирад, ки ӯ «….бояд дар бораи донишгоҳҳои Русия гап занад. Чӣ кор дорад ба кишвари мо?»  Ҳамзамон муаллиф ба таъсиси «ВАК»-и худӣ бо назари шубҳа нигоҳ карда, гуфтааст: «Бо таъсиси  ВАК дар Тоҷикистон «…..риски хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ меафзояд».

Муҳтарам М. Илолов гумонҳои хабарнигорро тақвият бахшида, чунин иброз медорад: «Воқеан, чунин хавф вуҷуд дорад. Ин хавф воқеӣ аст».       Дар иртибот ба ин гуфтаҳои ӯ посух чунин аст: муҳтарам Мамадшо Илолов, бояд хотирҷамъ бошед, дар таъсиси ВАК-и миллӣ айни ҳол ҳеҷ гуна хавфи ҷиддӣ вуҷуд надорад, зеро КОА ҳуҷҷатҳо ва  механизмҳоеро таҳия ва коркард намудааст, ки  «хатару эҳтимолияти хариду фурӯши дараҷаҳо ва унвонҳоро» ҳатман аз байн мебарад. Дар зимни фаъолияти худ КОА ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки рисолаҳои илмии дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ихтирооту кашфиёти хому бебунёд иншошуда ба шӯроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта,  аз шӯроҳои ташхис гузаранд. Таъсиси «ВАК»-и миллӣ ҳаргиз маънои ба осонӣ «доктор PhD» шуданро надорад.

Аз сӯйи  дигар, тавре ки маълум аст, дар Тоҷикистон бар зидди амалҳои коррупсионӣ муборизаи шадид бурда мешавад.

Зиёда аз ин, ба иттилои муҳтарам Мамадшо Илолов расониданием, ки бо назардошти таҷрибаи талхи ҳамсоякишварҳо  Ҷумҳурии Тоҷикистон яку якбора ва пурра аз ҳамкорӣ бо ВАК- и Федератсияи Русия даст кашиданӣ нест ва ҳамзамон бо пурра таҳия ва қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва оғози фаъолияти амалӣ марҳила ба марҳила ин равандро амалӣ хоҳад кард.

Муҳтарам М. Илолов дар идомаи мусоҳибаи худ аз як тараф ба фаъолияти КОА-и миллӣ, ки як ниҳоди мустақили назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, изҳори нобоварӣ мекунад. Вале аз тарафи дигар номбурда пешниҳод дорад, ки салоҳияти додани унвонҳои илмӣ ба донишгоҳҳо дода шавад. Мантиқ куҷост? Аз муҳтарам академик пурсида мешавад, магар ба донишгоҳҳо додани ин салоҳият ба қавли худатон «хавфи воқеъӣ»-ро зиёд намекунад?!

Ба таваҷҷуҳи академики муҳтарам М. Илолов мерасонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ин ҳам бо сабабҳои гуногун таъсиси ин ниҳоди басо муҳими таъминкунандаи истиқлолияти кишвар дар омода сохтани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, ки аз ҷумлаи яке аз рукнҳои муҳими истиқлолияти миллиамон мебошад, хеле ба таъхир афтод. Агар ба маслиҳати Шумо амал карда, «боз 5 — 6, ҳатто10 сол» даст болои даст гузошта сабр намоем, ҳеҷ гоҳ аз дастнигарӣ ва вобастагии  бегонагон халосӣ нахоҳем ёфт.

Ба ҷойи чунин маслиҳату машваратҳои бебунёду шиоргунаву ғайриватанхоҳона хеле хуб мешуд, ки ҳамаи донишмандони дилсӯз ба ояндаи илми мамлакат дар кори пурсамари КОА бедареғона ҳамкорӣ менамуданд.

 

А. Розиқзода, раиси   Комиссияи олии аттестатсионии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 16, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Қазокистон иштирок намуд
ОМӮЗГОРОН-ПОСДОРОНИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши тантнавӣ доир шуд
Олимони Чин бо фаъолияти Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
6 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МАКОНИ ЗИСТ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба табиатро ҷилавгирӣ намояд
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ТАҲКИМБАХШ. Дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Қатар
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
Забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид
Дар шаҳри Гулистон ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАБОН-РУКНИ МУАССИРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид