Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

Сентябрь 29, 2016 13:05

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои қарорҳои қаблии дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабулшуда, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои созмон ва авзои кунунии кишаварҳои доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими иқтидору имконоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самтҳои ояндадор буда ба иштироки худ дар фаъолияти созмон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

29967779046_24d1352c0f_zҶонибҳо ба таври муфассал доир ба ҳамдастии муштарак бар зиди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд табодули афкор намуданд.

Бо изҳори нигаронӣ аз хатари афзоиши фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ ва паҳншавии идеалогияи бегона дар минтақа ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамдастии густурдаро дар мубориза бар зидди ин хатарҳо амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Зимни баррасии масоили амнияту бехатарӣ дар қисмати ҷануби қаламрави созмон таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва тақвияти ҳамкорӣ дар таҳкими иқтидору имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зоҳир гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда ҳамдастии фаъоли давлатҳои аъзои созмон дар мубориза алайҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар нигоҳ доштани фазои эътидолу субот ва таҳкими амнияту бехатарии минтақа нақши муассир мегузорад.

 

Сентябрь 29, 2016 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон