Мулоқоти насли ояндасоз бо ҷавонону наврасони ноҳияи Рашт
Душанбе, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр ҷавонони фаъол-аъзои гурӯҳи 60-нафарае, ки аз шаҳри Душанбе ба минтақаи Рашт сафар кардаанд, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Шулонаки ноҳияи Рашт бо наврасону ҷавонон вобаста ба мавзӯъҳои «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб», «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» суҳбат карданд.
Зимни мулоқот Зубайдулло Маҳмадуллоев, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зикр кард, ки бо шукргузорӣ аз тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ дар кишвар ва бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба минтақаи Рашт роҳандозӣ гардид, ки ин иқдом аз таваҷҷуҳи бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ояндасози кишвар дарак медиҳад.
Баъд аз мулоқот ҷавонон ҳамоиши экологӣ таҳти унвони «Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем»-ро дар роҳҳои назди ҳавлиҳои ноҳияи Рашт доир намуданд. Ҳамзамон кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони соҳаи тиб, ҷавонони фаъоли ноҳия, варзишгарон ва ихтиёриён низ дар ҳамоиши мазкур ширкат варзиданд.
Дар ин рӯз ҷавонону калонсолон бо ҳисси ифтихор дар тоза ва ободу зебо гардонидани роҳравҳои назди хонаҳо, нарм намудани бехи дарахтон ва гулу буттаҳо саҳми худро гузоштанд.













Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






