Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт ва иштирок дар чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ

Сентябрь 27, 2016 19:03

Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди сокинони ноҳияи Рашт, ки барои вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, барномаи рангину бошукуҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскоронро ба ифтихори 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тамошо намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли сокинони кишварро бо ҷашни муқаддасу мубораки 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва бо туфайли заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бунёди як қатор иншооти хурду калони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла мактабу марказҳои саломатӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои нави хизматрасониву маъмуриро намунаи дастовардҳои ноҳия дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ дар замони истиқлолият дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд. Аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 310 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқароркунӣ ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия дар 10 соли охир 149 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 270 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016 қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаҳои боғдорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ, занбуриасалпарварӣ ва дигар бахшҳои муҳим дар ноҳияи Рашт тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Рашт барои пазироии самимии Пешвои миллат ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Рашт минбаъд низ рисолати муқаддаси худро ба хотири тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёрамон ва таҳкими пояҳои он содиқона иҷро карда, ҳамаи кӯшишу талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар менамоянд.

Пас аз анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт барномаи бошукуҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони ноҳия ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид.

Макони баргузории чорабинии идонаи фарҳангӣ ба таври идона ороста шуда, базмгоҳи ҳақиқиро мемонд. Аҳли ҳунар бо барномаи рангини хеш дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро тараннум карда, дар васфи Пешвову қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва файзи ваҳдату истиқлолият суруд хонданд.

Тантанаҳои идонаи ҷашни бузурги истиқлолият хеле бошукуҳ ва барои тамошобинон хушу хотирмон баргузор шуд.

Сентябрь 27, 2016 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд