Мулоқоти Пешвои миллат бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жанг

Сентябрь 22, 2016 11:06

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жангро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии Бонк дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ Бонк тақрибан 1,5 миллиард доллар ба бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд ва лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 785 миллион доллар дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ дар беҳтарсозии таъмини энергетикиву инфрасохтори нақлиётӣ ва рушди бахши хусусӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва бехатарии озуқаворӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ аз ҷониби Бонк мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Чунин як пешниҳоди судманди дигар дар робита ба таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии Норак, инчунин ворид кардани Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб ва Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ҷиргатол-Қарамиқ дар соли 2017 ба Нақшаи индикативии маблағгузории Бонк барои солҳои 2016-2018 ба миён гузошта шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.

Сентябрь 22, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад