Мулоқоти вакилони МН МО бо сокинони ВМКБ идома дорад

Сентябрь 15, 2016 17:17

Хоруғ, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшоҳ Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоббек Бухориев зимни сафар ба ноҳияи Ишкошим бо шароити хизмати сарбозону афсарони қисми марзбонии 01123 шинос шуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба ошхона даромада, бо сарбозон дар бораи сифати таом суҳбат намуданд. Яке аз сарбозони ин қисми низомӣ изхор дошт, ки «шояд шумо гумон кунед, ки ҳамин таоми болаззатро ба хотири омадани шумо барои мо омода кардаанд. Вале чунин нест. Ғизои ҳаррӯзаи мо мисли имрӯза ширину лазиз аст». Вакилон аз вазъи санитарии ошхона низ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи сарбозон ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии онҳо дар қисми низомӣ парвариши навъҳои гуногуни гулу буттаҳои хонагиро ба роҳ мондаанд, ки хеле хуб нашъу намо ёфтаанд. Ҳоло дар ин гулхона бештар аз 10 намуди гулҳо парвариш меёбанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозон аз китобхонаи шахсии худ 200 нусха китоб туҳфа карда, баён дошт, ки «баъди адои хизмати Ватан иддае аз шумо таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар идома хоҳед дод. Аз ин рӯ, дар вақтҳои холӣ метавонед ин китобҳоро мутолиа намоед. Агар китоби дилхоҳ ва заруриро дар миёнашон пайдо накардед, бо мо тамос гиред, ҳатман пайдо карда, ба шумо мефиристем».
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин бо сокинони маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он мулоқот анҷом дода, ба ноҳияи Мурғоб сафар намуданд.

Сентябрь 15, 2016 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад