«Мушоҳидаи замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (iseo-2016)» — Симпозиуми 3-юми байналмилалии илмию амалӣ дар АИ ҶТ

Сентябрь 19, 2016 17:01

Душанбе, 19.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар ҶТ барои соли 2016» якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Симпозиуми 3-юми байналмилалии «Мушоҳидаи замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO-2016)» баргузор гардид.
Ҳадафи Симпозиум табодули таҷриба ва дониш оид ба дастовардҳои навин дар истифодаи технологияҳои бадасторӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди маълумоти мушоҳидаи Замин, аз ҷумла аксҳои моҳвораӣ ва истифодаи низомҳои муосири геоиттилоотӣ (иттилоот оид ба Замин) дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Симпозиуми якуми «Мушоҳидаи замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк(ISEO)», ки дар шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2012 баргузор карда шуд, исбот намуд, ки тавассути мушоҳидаи Замин аз кайҳон дар ҷабҳаҳои гуногуни таҳқиқотӣ маълумоти амиқи илмӣ ба даст овардан мумкин аст. Таҳқиқоти илмӣ дар ин самт, алалхусус барои омӯзиши равандҳои тағйирёбии иқлим ва муҳити зист дар минтақаҳои хушк ва нимхушк аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ доранд. Симпозиуми дуюми байналмилалии «Мушоҳидаи Замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO-2014)» соли 2014 дар шаҳри Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида, дар он навгониҳои илмӣ дар технология ва назарияи мушоҳидаи Замин дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, захираҳои табиӣ, офатҳои табиӣ ва коҳиш додани онҳо баррасӣ шуданд. Симпозиуми дуюм имконоти навро барои пешбурди таҳқиқот ва табодули маълумот оид ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши минтақаҳои хушк ва нимхушки Осиёи Марказӣ бо истифода аз технологияҳои дурсанҷии замин ва замини рақамӣ фароҳам овард.
Симпозиуми 3-юми байналмилалии «Мушоҳидаи Замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO-2016)», ки аз 19 то 21 сентябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, ба Шоҳроҳи Бузурги Абрешим бахшида шудааст. Кори Симпозиум ҷаласаи пленарӣ ва 6 бахшро аз рӯи самтҳои зерин дарбар мегирад: «Назария ва технологияҳои мушоҳидаи замин (дурсанҷии замин)»; «Назария ва истифодаи замини рақамӣ»; «Мушоҳидаи замин барои омӯзиши экология, муҳити зист, хоҷагии қишлоқ, шаҳр ва ҷангал»; «Мушоҳидаи замин барои ҳифзи мероси фарҳангӣ-таърихӣ ва коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ»; «Мушоҳидаи замин ва тағйирёбии иқлим»; «Мушоҳидаи замин баҳри омӯзиши захираҳои обӣ, минералӣ ва энергетикӣ».
Дар кори Симпозиум олимон, аспирантон ва донишҷӯён аз 6 давлати дунё- Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳолланд ва Ҷопон бо гузоришҳои шифоҳӣ ва постерӣ ширкат хоҳанд варзид. Ҳамчунин дар Симпозиум суҳбати «мизи мудаввар» барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами дурсанҷии замин ва истифодаи технологияҳои навин дар ин соҳа барои пешбурди иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ доир карда мешавад.
Дар қисмати ҷамъбастии Симпозиум Баёнияи иштирокчиёни он қабул карда мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сентябрь 19, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид