Мушовирони ИМА ва Фаронса: Ба ДИ «талафоти муҳим» расонида шуд
Душанбе, 21.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ёрдамчии Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ ва мубориза бар зидди терроризм Лайза Монако ва мушовири низомии президенти Фаронса адмирал Бернар Рожел рӯзи сешанбе масъалаи ҷаҳонии мубориза бар зидди терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кохи Сафед иттилоъ медиҳад.
Дар баёния гуфта мешавад, ки «Монако барои саҳми Фаронса дар эътилофи зидди ДИ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷумла барои дубора фаъол намудани ҳавопаймокашҳои Фаронса «Шарл де Голл» барои дастгирии иқдоми зидди ДИ изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳарчанд ба ДИ «талафоти муҳим» расонида шуд, вале он ҳамчун таҳдиди ҷаҳонӣ боқӣ мемонад ва бад-ин хотир, Монако ва Рожел идомаи ҳамкории дуҷониба дар мубориза бар зидди терроризмро эълон намуданд.
Илова бар ин, иштирокчиёни ҷаласа кӯшишҳои Фаронсаро оид ба мубориза бар терроризм дар Африқо, аз ҷумла бо гурӯҳи «Боко Ҳарам» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин Монако ва Рожел барои тақвияти ҳамкорӣ миёни ИМА ва Фаронса дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ изҳори ақида намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






