Мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футбол дар варзишгоҳи «Спитамен» доир мешавад
Душанбе, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 сентябр то 20 октябри соли 2016 дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футбол барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ҷиҳати иштирок дар мусобиқа ташкилоту идораҳои хоҳишманд метавонанд дархостҳои худро то 19 сентябри соли равон ба маъмурияти Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






