Мусобиқоти Лигаи касбии футзали Тоҷикистон идома дорад
Душанбе, 2.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи футзали Тоҷикистон бо баргузории даври 10-уми рақобатҳо шоми дирӯз идома ёфт. Чемпиони феълии мамлакат «Диси Инвест» баъди ғалабаи навбатиаш бар «Соро компания» бо натиҷаи 7:3 мавқеашро дар садри ҷадвал бо касби 28 имтиёз устувор кард.
Дастаи «Газпром» дар шаҳри Турсунзода дар баробари тими «Самандар» ба майдон омада, бо 11 голи задаш аз дарвозааш 7 тӯб гирифта, ба зинаи дуввум баромад ва 22 хол дорад. Дастаи «Карон» ҳам дар ин рӯз ба комёбӣ соҳиб шуд ва дастаи «Сино»-ро бо нишондоди 7:5 мағлуб кард.
Бозиҳои даври навбатӣ рӯзи шанбе баргузор хоҳанд шуд. Дар он «Сино» бо «Сипар», «Карон» бо «Диси Инвест», «Газпром» бо «Хуҷанд» ва «Самандар» бо « Соро компания» вориди сабқат мешаванд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






