Оғози мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футбол
Душанбе, 21.0.2016. /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футбол барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 17 дастаи футболбозон аз Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, Гвардияи миллӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, ширкати «Вавилон», Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорони «Динамо»-и ВКД ширкат варзида, дар чор гурӯҳ бо ҳам рақобат менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки ин мусобиқаи варзишӣ то охири моҳи октябр идома меёбад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






