Ҷоизасупорӣ ба маводи беҳтарини рӯзноманигорон дар инъикоси бемории сил

Сентябрь 26, 2016 12:14

Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маводи беҳтарини рӯзноманигорон дар инъикоси бемории сил бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Маросими ҷоизасупорӣ бо ташаббуси Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Душанбе баргузор гардид.
Дар маросим силсилахабарҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Холиса Асомиддинова аз беҳтаринҳо дониста шуд.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар айни замон дар ҷаҳон 9,6 миллион одам ба бемории сил гирифтор аст. Ин беморӣ сирояткунанда ба шумор меравад. Ҳарчанд он табобатшаванда ва пешгиришаванда аст, аммо бо вуҷуди ин 1,5 миллион одам ҳар сол аз ин беморӣ мефавтанд. Сабаби асосии паҳншавии бемории сил- паст будани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба ин беморӣ мебошад.
Воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва рӯзноманигорон дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, паст намудани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба беморони сил нақши муҳим мебозанд. USAID дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ дар мавзӯи инъикоси бемории сил 45 нафар рӯзноманигоронро дар Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифт. Ин омӯзиш ба масъалаҳои паст намудани сатҳи доғгузорӣ ва расонидани иттилоот ба аҳолӣ оид ба ташхиси самаранок ва роҳҳои табобат равона шуда буд.
Зиёда аз 50 намояндаи воситаҳои ахбори омма дар озмуни «Беҳтарин маводи журналистӣ оид ба бемории сил» иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони силшинос ва ВАО иборат буданд, ки маводи ба озмун воридшударо аз рӯи намудҳои маводи чопӣ, электронӣ ва телевизионию радиоӣ баҳогузорӣ намуданд.
Мақсади Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил- коҳиши сатҳи бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кумаки тиббии ба бемор равонагардида, ҳамчунин тақвияти таҳлилгоҳу дигар бахшҳои тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.
Барнома бо буҷаи 13,2 миллион доллари ИМА барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, ки боз як мисоли кўмаки Ҳукумати ИМА баҳри беҳтар намудани саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Сентябрь 26, 2016 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад