Ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» муайян гардид
Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» ҷамъбаст гардид. Мусобиқаи мазкур бо мақсади таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ободу зебо гардонидани диёр ва истироҳати бофароғати мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати ҳакамон фаъолияти боғҳои ҷумҳуриро аз рӯи шартҳои озмун санҷида, дар сатҳи вилоятӣ Боғи истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар сатҳи шаҳрӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ва дар сатҳи ноҳиявӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ» донистанд.
Ҳангоми баҳогузорӣ ба тозагӣ, ободониву сабзазоркунӣ, ташкили ҷойҳои нишаст, сохтмони фаввораҳо, насби таҷҳизоти замонавӣ ва арғунчаку чархофалакҳо, толорҳои саққобозиву тенниси рӯимизӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, нуқтаҳои гуногуни хӯроки миллӣ ва баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ диққати махсус дода шуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






