Ғолибони озмуни «Беҳтарин маводи журналистӣ оид ба бемории сил» қадрдонӣ мешаванд

Сентябрь 23, 2016 09:06

Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон маросими супоридани ҷоиза барои беҳтарин маводи журналистӣ оид ба бемории сил баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар доданд, озмун байни журналистон соли равон эълон шуда, мақсади асосии он коҳиш додани сатҳи паҳншавии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кумаки тиббӣ ба бемор равона шуда, ба бахшҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Сентябрь 23, 2016 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад