Овозаи осорхонаи деҳаи Намадгут то Олмону Покистон расид
Хоруғ, 20.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Осорхонаи деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим агарчӣ дар як деҳаи дурафтодаи кишвар мавқеъ дорад, аммо маълумот дар бораи онро тавассути сайёҳони хориҷӣ имрӯз дар бисёре аз мамолики ҷаҳон пайдо кардан мумкин аст. Кормандони ин осорхона, ки ба таври ифтихорӣ вазифаашонро анҷом медиҳанд, дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзанд ва дар бораи таҷрибаи таъсиси ин осорхона суҳбатҳо мекунанд. Директори осорхона нафақахӯр Одинамамад Мирзоев гуфт, ки деҳаи Намадгут таърихи сеҳазорсола дорад ва дар канори яке аз қалъаҳои қадимаи Қаҳа-Қаҳа ҷой гирифтааст. Маънои Намадгут ибодатгоҳ аст. Дар ин ҷо зардуштиён гирди ҳам меомаданд ва ба худои ягонаи худ- Ҳурмузд саҷда мекарданд.
То соли 2001 чандин нигораву ашёҳои қадимӣ пайдо шуданд ва сокинони деҳа қарор доданд, ки ба таври ҳашарчигӣ осорхона бунёд кунанд. Дар муддати 15 сол шумораи нигораҳо наздик ба ҳазор дона расидааст. Бо зиёд шудани нигораву ашёҳо теъдоди зиёраткунандагони осорхона аз ҳисоби шаҳрвандони дохилӣ ва берунӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Одинамамад Мирзоев гуфт, ки «сайёҳон оид ба осорхонаи мо дар давлати худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аксу матнҳои зиёд нашр кардаанд, зеро ба гуфтаи онҳо чунин осорхонаҳои деҳотӣ бо ин қадар нигораҳои нодир дар дунё камназир мебошанд. Бо кумак ва мусоидати ин сайёҳон мо дар ду конфронси байналмилалӣ дар давлатҳои Покистону Олмон ширкат варзидем».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






