Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг зодаи истиқлол аст

Сентябрь 9, 2016 13:35

Душанбе, 9.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар китобҳои тозанашреро, ки дар тӯли 5 соли охир ба табъ расидаанд, ба намоиш гузошт»,- гуфт директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Шариф Комилзода имрӯз зимни баргузории намоишгоҳ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт.

Ба гуфтаи Шариф Комилзода, намоишгоҳи имрӯза аз бисёр ҷиҳат хотирмон буда, бештари он таҷҳизоту ашё, китобу маҷалла ва рӯзномаҳое, ки ба намоиш гузошта шудааст, бозгӯкунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.

«Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг зодаи истиқлол буда, соли 1997 баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таъсис дода шудааст. Он дар тӯли наздик ба 20 соли фаъолияти худ беш аз 200 рисолаи илмӣ ва зиёда аз 1000 номгӯй мақолаҳоро доир ба масоили мубрами фарҳангу ҳунари миллӣ ба табъ расонид»,- иброз дошт директори ПИТФИ.

 

Сентябрь 9, 2016 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад