Пешвои миллат: «80 фоизи маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаи «Криолит» барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик» истифода мегардад»
Душанбе, 05.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Корхонаҳои имрӯза асосан бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик» бо криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи онҳо истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминии фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад»,-изҳор дошт имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани корхонаҳои нави ҶДММ «Криолит» дар ноҳияи Ёвон.
Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз маҳсулоти истеҳсолшаванда 80 фоиз барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик» истифода гардида, боқимондаи он содирот карда мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






