Пешвои миллат: «Ҳар як фарди соҳибмаърифату ватандӯсти кишвар ҷиҳати бунёд намудани давлати пояндаву обод қарзи фарзандии худро сарбаландона иҷро дорад»
Душанбе, 9.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маросими роҳпаймоӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор аз иттиҳоду хештаншиносии мардуми тоҷик изҳор дошт: «Аз саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бармеояд, ки мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд.
Бисту панҷ сол муқаддам ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрӯз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд».
Ба андешаи Сарвари давлат, дар ин давра ҳар як фарди соҳибмаърифату ватандӯсти кишвар ҷиҳати бунёд намудани давлати пояндаву обод қарзи фарзандии худро сарбаландона иҷро карда истодааст ва яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад.
«Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад»,- иброз дошт Пешвои миллат.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






