Посух ба гузориши сомонаи «Радиои озодӣ» таҳти унвони «Тоҷикистон дар умқи буҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад»

Сентябрь 22, 2016 10:53

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавассути «Радиои озодӣ» иттилоъ ёфтем, ки гурӯҳи муаллифон — созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ филми мустанаде бо номи «Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад» таҳия намудааст. Ин филм 21 сентябр бо ибтикори созмонҳои зикршуда дар нишасти САҲА дар Варшава намоиш дода шуд. Ба ҳайси қаҳрамонҳои филм намояндагони ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва ба ном Гурӯҳи 24 муаррифӣ шудаанд. Аҷобат дар он аст, ки чунин ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ҳеҷ ҷое сабти ном нашудааст. Гурӯҳи 24 низ аслан дар шабакаҳои хабарии баъзе аз гурӯҳҳою иттиҳодҳои ба ном мустақили беруна номбар мешавад. Вале киҳо аъзои ин гурӯҳанд ва чӣ ҳадаф доранд, ба ҳеҷ кас рӯшан нест.
Собиқ ҲНИТ дар асоси фаъолияти ғайриқонунӣ ва кӯшишҳои террористию ифротгароӣ мамнӯъ эълон шуда буд ва ҳатто, ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид гардидааст. Ҳанӯз дар давраи фаъолият дар дохили Тоҷикистон фирори аъзои ҳизб ё изҳороти охири собиқ ҳуқуқшиноси ҳизби мазкур Зарафо Раҳмонӣ шаҳодат аз фаъолияти «қонунӣ»-и ин ҳизб мебошад. Фаъолияти аъзои собиқ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24, ки бешубҳа, бо ҳидояту дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ба вуқӯъ меояд, ҳамчун амали мухолифини тоҷик бояд қабул нашавад, зеро аввалан, инҳо ба шакли воқеӣ вуҷуд надоранд ва сониян, ҳамеша муқобили оромию субот ва ваҳдату пешравии Тоҷикистон ҳастанд. Аслан, ашхосе, ки хешро соҳибҳизб мепиндоранду дар хориҷи мамлакат паноҳ гирифта, иғво меангезанд, дар Тоҷикистон ҳеҷ тарафдору ҳамақидае надоранд. Онҳо ҳамагӣ чанд нафари ангуштшумореанд, ки аз бадхоҳону кинаварон ва хоҷагони хориҷӣ маблағи ҳангуфт ба даст оварда, «обро лой карда» кайфу сафо намуда гаштаанд. Онҳо, ки худро ғамхору дилсӯз ва дӯстдори миллат меҳисобанд, на парвои миллат доранду на давлат. Ин нуктаҳо бедалел нестанд ва мо одат надорем, ки ба монанди нотавонбинону бадхоҳони Ватани азизамон беасос сухан бигӯем. Далели муътамад ва радношаванда боз ҳам ҳамон мусоҳибаи собиқ узви аршад ва роздони ҳизби мамнӯъ Зарафо Раҳмонӣ мебошад. Кабирӣ ва косалесонаш ҳамеша ба ҳар андешаи солими Ҳукумати мамлакат тавассути сомонаашон санги маломат мезананду мекӯшанд, ки хешро покизаю озода ҷилва диҳанд. Аммо нисбат ба суханони З.Раҳмонӣ, ки асрори ниҳонӣ ва ҷинояткоронаи шахсан худи Кабириро ошкор намуд, ба лаб муҳри хомӯшӣ ниҳоданд. Дуруст аст, ки мегӯянд: «сухани ҳақ посух надорад». Дар ин маврид онҳо натавонистанд, ки худро «сафед» намоянд.
Изҳороти созмонҳои Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ доир ба он ки ҳоло «Тоҷикистон дар умқи як буҳрони шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад», фасонае беш нест. Маҳз дар 20 соли охир дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқниҳод ва ҳифзу риояи ҳуқуқи инсон Тоҷикистон соҳиби дастовардҳои чашмрас гардидааст, ки инро ташкилотҳои бонуфуз ва намояндагони мамолики мутараққии ҷаҳон борҳо таъкид намудаанд. Як ё ду нафар, онҳое, ки бо қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ амалашон созгор несту тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, нишонаи вайронкунии ҳуқуқи башар, фурӯравии Тоҷикистон дар умқи ин буҳрон нестанд.
Даъвои он ки «даҳҳо ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, журналистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки нисбат ба ҳукумат андешаҳои интиқодӣ баён мекарданд, боздошт шуданд» дурӯғи маҳз аст. Тавассути ВАО ва сомонаҳои гуногуни интернетӣ шаҳрвандони Тоҷикистон озодона ва шаффоф фикрҳои худро баён месозанд. «Садҳо фаъолон»-и аз кишвар беруншуда, ки гӯё ҳадафи «шикор»-и Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтаанд, сирф беасос аст, зеро аввалан, чунин теъдоди «фирориёни фаъол» ҷой надорад, баъдан, ному насаби онҳое, ки боиси «шикор» қарор гирифтаанд, барои ҳеҷ кас мушаххас нест.
Умуман, мазмуну муҳтавои гузориши «Радиои озодӣ» зери унвони «Тоҷикистон дар умқи буҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад» асос ва далели воқеӣ надорад. Чунин амали ноҷавонмардона нодида гирифтани муваффақиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ буда, бо ҳар васила ноором сохтан ва халал ворид намудан ба амну осоиштагии мардуми ҷумҳурӣ, латмадор кардани рушди соҳаҳои мухталифи кишвар мебошад.

Н.Убайдуллоев, доктори илмҳои таърих, профессор,
Б.Самиев, доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Ҳ.Зикиров, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Сентябрь 22, 2016 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид