Президенти Тоҷикистон: «Давлатсозӣ, хусусан дар шароити имрӯза, кори саҳлу осон ва раванди яксолаву дусола нест»

Сентябрь 26, 2016 12:11

Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёд гардидани як силсила иншооти маъмурӣ, аз ҷумла биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чор ҷамоати деҳот ва шаш неругоҳи хурди барқи обӣ аз ҷумлаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва самараи заҳмати шабонарӯзии сокинони ноҳия ба шумор мераванд». Ин суханҳоро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод баён доштанд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, то ҳанӯз сокинони баъзе маҳалҳо аз камбудии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, ки ҳалли ин масъала вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони ноҳия ва дигар сохтору мақомоти дахлдор мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи фарзандони мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Тоҷикобод 16 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои наздик ба 6 ҳазор хонанда ба истифода дода шудаанд ва бунёди чандин бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои ноҳия идома дорад.
«Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки барои таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ва бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, инчунин бо кадрҳои дорои маълумоти олии касбӣ пурра гардонидани муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд»,- гуфтанд Сарвари давлат ва ҳамзамон илова намуданд: «Вазорати маориф ва илм, дигар сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, фаъолону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеаи ноҳия бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дурусти насли ояндасоз ва дар зеҳну шуури онҳо ривоҷ додани ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд».
Бо назардошти шароити бисёр ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза мехоҳам бори дигар аз ҳамаи падару модарон, омӯзгорону фаъолон, аҳли зиё, умуман ҳар фарде, ки ободиву оромии мамлакат ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламонро азиз мешуморад, хоҳиш намоям, ки ба хотири ободу зебо гардонидани диёри хеш ва ноил гардидан ба зиндагии шоиста ба масъалаҳои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин, таълиму тарбияи фарзандон ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми ватандӯстонаи хешро дареғ надоранд.
Фаромӯш набояд кард, ки давлатсозӣ, хусусан, дар шароити имрӯза, кори саҳлу осон ва раванди яксолаву дусола нест, баръакс, бунёди давлати муосиру муқтадир аз ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, самимона дӯст доштани Ватан, заҳмати содиқона ба хотири ободии он ва ҳушёриву зиракии доимиро талаб мекунад»,- таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сентябрь 26, 2016 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!