Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…

Сентябрь 22, 2016 17:22

Хоруғ, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами шашуми шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конфронси илмию бадеӣ баргузор шуд. Дар он омӯзгорону хонандагони мактаб дар атрофи зиндагӣ ва эҷодиёти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абуабдулло Рудакӣ мубодилаи афкор намуданд. Омӯзгори ин мактаб Латофат Назирова ашъори Рудакиро ба дурре шабоҳат дод, ки бо гузашти ҳазорон сол ҳеҷ гарду ғуборе натавонист ба рӯяш парда кашад. Ҳанӯз ҳам калому забон, афкору ақида ва фалсафааш барои ҳама-чӣ пиру чӣ кудак фаҳмост, зеро шоир бо ҳама хираду заковаташ боз ҳам саъй намудааст бо забони равони  тоҷикӣ-форсӣ ҳадафашро ба мухотабони худ бирасонад. Латофат Назирова аз шогирдони худ хост, ки ҳарчӣ бештар ашъори Рӯдакиро мутолиа кунанд то ба ҳангоми сухан гуфтан забонашон равону шево ва фикрашон мӯъҷазу пур аз ҳикмат бошад. Дар шароити феълӣ надонистани забони модарии худ ҳам айб ва гуноҳ аст. Ба ҷуз ин, агар одам забони миллати худро надонад, омӯхтани забони ғайр ба вай хеле душвор мегардад.Ин омӯзгори соҳибтаҷриба нақши эҷодиёти ин шоири оламшумулро дар ташаккули тафаккури кӯдакону наврасон муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки мо бояд танҳо ба имрӯз, яъне 22 сентябр — Рӯзи Рӯдакӣ иктифо накунем, балки ҳамарӯза аз панду ҳикматҳои ӯ ёдоварӣ намоем.
Дар поёни конфронс хонандагон бо истифода аз ашъори Абуабдулло Рӯдакӣ саҳначаеро манзури ҳамсолони худ гардониданд.

Сентябрь 22, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд