Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…
Хоруғ, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами шашуми шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конфронси илмию бадеӣ баргузор шуд. Дар он омӯзгорону хонандагони мактаб дар атрофи зиндагӣ ва эҷодиёти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абуабдулло Рудакӣ мубодилаи афкор намуданд. Омӯзгори ин мактаб Латофат Назирова ашъори Рудакиро ба дурре шабоҳат дод, ки бо гузашти ҳазорон сол ҳеҷ гарду ғуборе натавонист ба рӯяш парда кашад. Ҳанӯз ҳам калому забон, афкору ақида ва фалсафааш барои ҳама-чӣ пиру чӣ кудак фаҳмост, зеро шоир бо ҳама хираду заковаташ боз ҳам саъй намудааст бо забони равони тоҷикӣ-форсӣ ҳадафашро ба мухотабони худ бирасонад. Латофат Назирова аз шогирдони худ хост, ки ҳарчӣ бештар ашъори Рӯдакиро мутолиа кунанд то ба ҳангоми сухан гуфтан забонашон равону шево ва фикрашон мӯъҷазу пур аз ҳикмат бошад. Дар шароити феълӣ надонистани забони модарии худ ҳам айб ва гуноҳ аст. Ба ҷуз ин, агар одам забони миллати худро надонад, омӯхтани забони ғайр ба вай хеле душвор мегардад.Ин омӯзгори соҳибтаҷриба нақши эҷодиёти ин шоири оламшумулро дар ташаккули тафаккури кӯдакону наврасон муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки мо бояд танҳо ба имрӯз, яъне 22 сентябр — Рӯзи Рӯдакӣ иктифо накунем, балки ҳамарӯза аз панду ҳикматҳои ӯ ёдоварӣ намоем.
Дар поёни конфронс хонандагон бо истифода аз ашъори Абуабдулло Рӯдакӣ саҳначаеро манзури ҳамсолони худ гардониданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






