Рӯзи байналмилалии бидуни мошин: пиёдагардӣ ба саломатӣ манфиат дорад

Сентябрь 22, 2016 13:51

Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни мошин ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз нафароне, ки соҳиби мошини шахсӣ ҳастанд, бе нақлиёт гаштугузор карда, ҳатто ба ҷои кори худ пиёда мераванд. Ин ҳолат бештар дар Амрико ва кишварҳои Аврупо ба назар мерасад.
Албатта, нафароне, ки аз манфиати пиёдагардӣ бохабаранд, на танҳо дар ин рӯз, балки дар рӯзҳои дигар низ бе мошин мегарданд, зеро дар баробари он ки пиёда ба коргоҳи худ раҳсипор мешаванд, ҳамчунин аз ҳавои тоза нафас кашида, биноҳо ва дигар иншооти навсохтро тамошо карда, ҳаловат мебаранд.
Ҳамчунин ҳангоми пиёдагардӣ ва тамошои муҳити атроф ба сари кас фикрҳои тоза омада, шахс метавонад дар корхона барои пешрафти кор идеяҳои нав пешниҳод кунад.
Бояд гуфт, ки рӯзи байналмилалии бидуни мошин бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва кам кардани садамаҳои нақлиётӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар 8 моҳи соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 3 ҳазору 509 адад мошин ворид гардидааст. Ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилии кишвар, соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 ҳазору 800 адад мошин ба қайд гирифта шуда буд. Аз аввали соли равон то имрӯз 928 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, 34 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 970 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Яке аз манбаъҳои ифлоскунандаи атмосфера низ воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб мераванд. Тавре Ҳасан Шоев, мутахассиси пешбари шуъбаи назорат, мониторинг, истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати шаҳри Душанбе иброз дошт, аз рӯи маълумоти оморие, ки пешниҳод мешаванд, дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби воситаҳои нақлиётӣ беш аз 38 ҳазор тонна моддаҳои гуногун ба ҳаво партов мешаванд, ки ин қариб 80 фоизи партовҳо ба атмосфераро дар бар мегирад.

Сентябрь 22, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!