«Регар-ТадАЗ» дар даври чордаҳуми чемпионати футболи Тоҷикистон бар «Хайр»-и Ваҳдат ғолиб омад
Душанбе, 19.09.2016. /АМИТ Ховар/. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври чордаҳуми чемпионати футболи Тоҷикистон бар тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд.
Голҳои дастаи ғолибро Санҷар Баротов, Комрон Турсунов, Расул Файзов, Ромиш Ҷалилов ва Фирӯз Қараев ба ҳадаф расониданд. Баъди ин ғалаба дастаи «Регар-ТадАЗ» бо 20 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи дуюм баромад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе низ 20 имтиёз дорад, вале бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи ССКА «Помир» пас аз «Регар-ТадАЗ», яъне дар зинаи сеюм қарор дорад.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 30 имтиёз дар ҷойи аввал аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






