Роғун дуюмин шаҳри энергетикии мамлакат аст, ки имрўзҳо номи он вирди забони хурду бузурги кишвар мебошад
Роғун, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зимни сафар ба шаҳри Роғун иброз дошта буданд: «Шаҳри Роғун дуюмин шаҳри энергетикии мамлакат аст, ки дар домани қаторкўҳҳои зебои диёрамон ҷойгир буда, имрўзҳо номи он вирди забони хурду бузурги кишвар мебошад. Итминони комил дорам, ки хурду бузурги шаҳри Роғун дар самти вусъат бахшидани раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ба як мулки ободу пешрафта мубаддал гардонидани Ватани азизамон ғайрату ҳиммат ва саъю талоши худро дареғ намедоранд. Имрўзҳо дар доираи дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва азму талоши мутахассисони ватанӣ бунёди бузургтарин иншооти шаҳр — неругоҳи барқи обии Роғун босуръат идома дошта, он боиси таъмини фардои дурахшону пурсаодати Тоҷикистони азиз хоҳад шуд. Дар ояндаи наздик шаҳри Роғун бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррификунандаи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил дода шавад».
Сокинони шаҳри Роғун бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрўз дар самти рушди соҳаи маориф, алалхусус зиёд намудани теъдоди мактабҳои наву муҷаҳҳаз бо техникаву технологияҳои муосир тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, фароҳам овардани шароит барои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла варзиш ва тарбияи хонандагони лаёқатманди дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ватандўсту ватанпарвар, сохтмон ва ба истифода додани биноҳои маърифатию иҷтимоӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ободии диёр таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.
Раиси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Роҳатшо Исроилов иттилоъ дод, ки соли равон чандин иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва маҳаллӣ, ба монанди бинои маъмурии шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, 2 адад майдончаи варзишии замонавӣ дар маркази шаҳр, дарвоза дар даромадгоҳи асосии шаҳр, толори замонавӣ барои 425 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ дар деҳаи Ҷавонӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дараи Тутак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Инчунин бунёди 67 гектар боғи мевадиҳандаи ба иқлим мутобиқ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ ба беҳдошти амнияти озуқавории кишвар таъсири мусбат расонида ва ба кор даровардани пойгаҳи обкашонии деҳаи Қалъаи Нав ҷиҳати обёрӣ намудани 111 гектар замин рушди чандинкаратаи соҳаҳои кишоварзию соҳибкориро нишон медиҳад.










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






